ТАЪСИРИ ТАРС БА ҲОЛАТИ РАВОНИИ ИНСОН ДАР ЗАМОНИ COVID – 19
Бо гузариш ба асри иттилоот ва рушди босуръати техникаву технология ахбор бо суръат дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон паҳн мешавад. Ҳарчанд трғибу ташвиқи матолиби ифодагари роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ барои сокинон муфид аст, вале мутаассифона дар баробари ин хабарҳои мудҳишу ташвишовар ва ҳаяҷонангез низ зиёд нашр мешаванд, ки дар ниҳоди хонанда гуна тарсу ҳаросро ба вуҷуд меорад. Ин омил инсонро то ба ҳадди таҳлука оварда, боиси хуруҷи дигар бемориҳо дар организми ӯ мегардад.
Таҷрибаи ҷомеаи ҷахонӣ нишон медихад, ки тарсу ҳарос имунитети инсонро заиф намуда, кори табибро дар самти пешгирӣ ва табобати вируси нав мушкил мегардонад. Равоншинос Қутбиддин Каримиён як сабаби босуръат паҳншавии коронавирусро дар ҷаҳон ин тарсу ваҳм мегӯяд. Ба таъкиди ӯ ба таҳлука омадани одамон имунитети онҳоро заиф намуда, барои гирифтор шудани онҳо ба бемориҳои сироятӣ замина ба вуҷуд меорад.
Қутбиддин Каримиён, равоншинос
“Аз ҳамин ҷиҳат барои пешгирӣ ва ҳифзи саломатии хеш ҷомеа бояд муттаҳид бошад ва тарсу ваҳму изтиробро аз худ дур кунанд. Агарчи дар ҳолати ғайримуқаррарӣ стресс ва изтироб зуҳуроти ҳолати равонии инсон арзёбӣ мешаванд, набояд дар шароити пандемия, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳоиро фаро гирифтааст, онҳо афзоиш ёбанду то дараҷаи таҳлука расонида шаванд”, – мегӯяд Қутбиддин Каримиён.
Вазъияте, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳукмфармост, ҳолати гайримуқаррарӣ гуфта мешавад, ки ба қавли ин равоншинос вокуниши навро талаб мекунад. “Ин раванд ҳаячони умумиро ба вуҷуд меорад, ки онро равоншиносон табиӣ меноманд. Агарчи дар таърихи инсоният паҳншавии бемориҳои гуногуни сироятӣ борҳо ба қайд гирифта шудаанд, аммо пандемияи КОВИД – 19 ҷиҳатҳои махсус дорад”, – мегӯяд ин равоншинос.
Таҳлилгарон як сабаби босуръат паҳншавии вируси навро дар ҷаҳон ба рушди бемайлони интернет ва рехтани борони ахбори таҳлукаовар ба сари истифодабаранда медонанд, зеро дар шабу рӯзе, ки вазъи ҷомеа ваҳим буд, одамон кӯшиш мекарданд, нишонаҳои бемории худро гуфта, тавсия гиранд ё марги наздиконашонро бо дигарон қисмат кунанд, ки албатта ин хонандаро ба тарсидан водор месозад. Аз тарафи дигар, тавассути васоити электронии ахбор овозаҳои гуногун ва қисман беасос низ паҳн шуданд, ки ба афзоиши стресс ва ҳаяҷону изтироби иҷтимоӣ мусоидат намуданд.
Ба таъкиди равоншинос ҳолати барзиёд шунидани тавсияҳои беҳдоштӣ тариқи ВАО дар баробари огоҳии мардум баъзан нобовариро ҳам ба вуҷуд меорад. “Дар ин ҳолат коршиносон ба аҳолӣ бояд омилҳои ҷиддӣ рафтор кардан ба хусусиятҳои бемории мазкурро фаҳмонанд. Масалан, сулфа кардан, ки онро табибон як нишонаи КОВИД-19 мегӯянд, метавонад дар асоси бемориҳои дигар низ дар инсон вуҷуд дошта бошанд. Аз ҳамин хотир сокинони мо баробари сулфа задан зуд ваҳми гирифторӣ ба вирусро навро дар худ ҳис накунанд, балки омилҳои аслии онро фикр кунанд, ки дар гузашта то куҷо ба чунин ҳолатҳо гирифтор мешуданд”, – гуфт Қутбиддин Каримиён.
Насли калонсол ва кӯдакон дар ин доира ниҳоят осебпазиранд. Дар вазъияте, ки пандемия ба руҳияи тамоми инсонҳо таъсири манфӣ гузоштааст, коршиносон машғулиятҳои доимии кӯдаконро муфид арзёбӣ мекунанд, аз қабили расмкашӣ дар замони пандемияи коронавирус барои саломатии онҳо фоидаовар аст.
Ба таъкиди Қутбиддин Каримиён кори дурусте, ки мо метавонем дар чунин вазъияти душвор ҷиҳати аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем, ин ба тарсу таҳлука дода нашудан аст. Дар чунин вазъият мо бояд ҷиҳати солим нигоҳ доштани худ ба тавсияҳои мақомот таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем.
Мадина Юсупова,
Мирсаид Сатториён,
“Садои Душанбе”