Боксчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Шоми Бокс» бар ҳарифони худ аз Узбекистон ғолиб омаданд

Боксчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Шоми Бокс» бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили муштзанони узбек ғолиб омаданд.

Дар  вазни  63,5 кг муштзани бомаҳорати ҷумҳурӣ Баҳодур Усмонов, зери  вазни  80 кг Шаббос Негматуллоев, дар  вазни  86 кг Парвиз  Каримов, вазни 92 кг Давлат Болтаев ва зери вазни +92 кг Муҳаммад Аброриддинов ба  муқобили ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе» доир гашта, ба иштирокчиёни мусобиқа туҳфаҳои пулӣ дар ҳаҷми 5 000  ва 2,500 доллар тақдим  карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE