Баргузории Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон
28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлкат Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ин Анҷуман, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори аввал барпо шуд, доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар, иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ баргузории ин чорабинии сатҳи баландро дар тақвияти ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи кишварҳо неку муассир арзёбӣ карда, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишоф додани муносибатҳои ҳасана бо тамоми кишварҳои олам ҳавасманд мебошад. Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур низ таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак дониста шуд.
Дар чаҳорчӯби Анҷумани мазкур, ки аз иҷлосҳои ифтитоҳӣ ва якчанд иҷлоси пленариву мавзӯӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон дар қолаби “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) ва “Соҳибкор бо Ҳукумат” (B2G) танзим шуданд.
Дар ҳошияи ҳамоиши номбурда ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти бахшҳои саноат, истихроҷ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хидматрасонии бонкӣ низ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни намоиш ба соҳибкорони хориҷӣ роҷеъ ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои мазкур маълумоти муфассал ироа шуда, лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ барои баррасии баъдии онҳо пешниҳод гардид.
Дар натиҷаи мулоқоту музокироти аъзои ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат ва ширкатҳои хусусӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ имзо шуданд.
Дар поёни Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон ба мақсади таҷлил аз Иди байналмилалии Наврӯз бо ширкати меҳмонони Анҷуман ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатии муқими Лондон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд, ки зимни он ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо муаррифии фарҳанги волои мардуми тоҷик, хотири меҳмононро бо суруду рақсҳои худ шод гардониданд.
Анҷумани мазкур ба муаррифии иқтидори содиротӣ, ҷалби бештари сармояву воридоти фанновариҳои муосир дар оянда ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи иқтисоду сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.