“БАРҚИ ТОҶИК” ГУФТ АЗ КАЙ МАҲДУДИЯТИ НЕРӮИ БАРҚ БАРДОШТА МЕШАВАД
Ширкати «Барқи Тоҷик» бо нашри як муроҷиатнома ба мардуми шарифи мамлакат иттилоъ дод, ки аз 10 декабри соли 2020 интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад.
Бино ба иттилои Ширкати «Барқи Тоҷик» дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Ширкат барои кашол ёфтани ин амал дар давраи паҳншавии бемории коронавиус аз муштариёни худ маъзарат хостааст.
Ҳамзамон, Ширкати “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш намудааст, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикӣ хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.
Ба иттилои Ширкат обанбори нерӯгоҳи “Норак” ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале бо сабаби дар моҳҳои охир кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз ду метр кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳ, инчунин, аз рӯи пешгӯиҳои обу ҳавошиносон хунук омадани зимистони дарпешистода ҳар як сокини кишвар бояд ба масъалаи истифода бурдани нерӯи барқ боинсофона, сарфакорона ва бо масъулияти баланд муносибат намояд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳад.
Дар муроҷиатнома омаааст, ки соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад. аз ин рӯ, Ширкат талаб дорад, ки муштариён барқро сарфакорона истифода баранд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”