НАХУСТИН ШИКАСТИ “БАРСЕЛОНА” ДАР МАРҲИЛАИ ГУРУҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Дар доираи даври ниҳоии марҳилаи гуруҳии мусобиқаи Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо шоми гузашта рақобати дастаҳои чор гуруҳи охир сурат гирифт. Дар ин давр дастаи Барселона дар Камп Ноу аз тими Ювентус шикаст хӯрда, аз зинаи дуюм ба даври плей оффи мусобиқа рафт. Дастаи Манчестер Юнайтед низ дар даври шашуми марҳилаи гуруҳӣ аз тими РБ Лейпсиг мағлуб гардида, ба мусобиқаи Лигаи Аврупо роҳхат гирифт.

Шоми сипаришуда мухлисони футболи ҷаҳонӣ шоҳиди дидорҳои ҷолиби даври охирини марҳилаи гуруҳии Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо гардиданд. Дар ин давр дастаҳои чор гуруҳи охир вориди майдони рақобат шуда, аз охирин имкониятҳо барои роҳ ёфтан ба даври ҳаштякниҳоӣ истифода бурданд.

Дар бозии охирини марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои “Челси” –и Англия ва “Краснодар”- и Россия аз гуруҳи Е бо ҳам рақобат намуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Стемфорд Бриҷ” –и шаҳри Лондон сурат гирифта, бо натиҷаи мусовӣ 1:1 хотима ёфт. Нахуст дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгари фаронсавӣ – Реми Кабелла меҳмононро ба пеш баровард. Баъди чор дақиқаи дигар Жоржиню Вейналдум бо иҷрои зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Ҳамин тариқ, дастаи “Челси” бо 14 имтиёз аз садри гурӯҳи “Е» иштирокчии даври 1/8 – ниҳоӣ гардид. “Краснодар” бошад, дар 6 бозӣ 5 имтиёз ба даст оварда, ба Лигаи Аврупо рафт.

Дар ин гуруҳ, ҳамчунин, дастаи “Ренн” – и Фаронса тими “Севиля” – и Испанияро пазироӣ намуд, аммо дар майдони худ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Дидори ин дастаҳо бо натиҷаи 1:3 бар нафъи тими испанӣ ҷамбаст гардид. Кунде ва Ан Носирӣ бо иҷрои дубл пирӯзии дастаи “Севиля” – ро дар ин дидор таъмин намуданд. Ягона голи дастаи мизбон бо иҷрои зарбаи пеналтӣ аз ҷониби Рюттер амалӣ карда шуд. Бо ҷамбасти марҳилаи гуруҳи дастаи Севиля бо касби 13 имтиёз мавқеи дуюмро дар гуруҳаш ишғол намуда, аз ин мавқеъ роҳхати даври плей – оффро соҳиб шуд. “Рен” бошад дар ин марҳила танҳо як итиёз ба даст оварда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.

Дар доираи бозиҳои даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар гурӯҳи “F” дастаи “Зенит” – и Россия дар майдони худ “Боруссия Дортмунд” – и Олмонро қабул кард. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзшгоҳи “Газпром Арена” доир шуда, бо натиҷаи 1:2 бар нафъи тими олмонӣ ҷамбаст гардид. Нахуст дар дақиқаи 16 – ум Дриусси тавонист дарвозаи дастаи “Борусия” – ро рахна карда, ҳамдастаҳояшро ба пеш барорад. Аммо дар нимаи дуюм дортмундиҳо дар фосилаи 10 дақиқа, яъне дар дақиқаҳои 68 ва 78 якбора 2 гол зада, ғалабаи худро таъмин карданд. Голи аввалро Лукаш Пишчек ва голи дуюмро Витсел ба нишон расониданд. Пирӯзии мазкур имкон дод то “Боруссия Дортмунд” бо ишғоли ҷойи якум ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ барояд. “Зенит” бошад мисли соли қаблӣ ба ҳайси қаҳрамони Премер – лигаи Россия наметавонад аз гурӯҳ барояд.

“Латсио” – и Италия ва “Брюге” – и Белгия аз гуруҳи Ғ ҷуфти дигаре буданд, ки шоми гузашта вориди майдони рақобат шуданд. Дидори ин дастаҳо бо натиҷаи мусовии 2:2 ҷамбаст гардид. “Латсио” пас аз ин давр шумораи имтиёзҳояшро ба 10 адад баробар карда, мавқеи дуюми гуруҳашро ишғол кард. “Брюге” бошад, аз зинаи сеюм ба Лигаи Аврупо роҳ ёфт.

Рақобати марказии даври шашуми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо миёни ду дастаи гуруҳи G “Барселона” – и Испания ва “Ювентус” – и Италия сурат гирифт. Дидори ин ду даста ба хотири рақобати ҳамлагарони асосии онҳо Леонил Месси ва Криштиано Роналду боз ҳам ҷолибтар буд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Камп Ноу сурат гирифта, бо натиҷаи 0:3 бар нафти тими итолёвӣ ҷамбаст гардид. Нахуст дар дақиқаи 13-ум Криштиано Роналду бо иҷрои зарбаи пеналтӣ ҳисоби бозиро бар нафъи ҳамдастаҳояш боз кард. Сипас то анҷоми нимаи аввал Уестон Маккени бо истифода аз партофти Куадрадо дигарбора дарвозаи Тер Штегенро рахна карда, ҳисобро 0:2 кард. Дар идомаи қисми якуми дидор Месси ва ҳамдастаҳояш борҳо кӯшиши наздик шудан ба дарвозаи Буффонро карданд, аммо барояшон имконият нашуд, ки ҳатто ба як голи задаи меҳмонон ҷавоб диҳанд. Нимаи аввал бо ҳисоби 0-2 хатм гардид.

Қисми дуюми рақобат бо бартарии “Барселона” шуруъ шуд. Мизбонон талоши наздик шудан ба дарвозаи рақибро мекарданд. Дар нимаи дуюм низ довар пас аз қоидавайронкунӣ пеналтии навбатиро ҷониби дарвозаи Тер Штеген таъин намуд. Маротибаи дуюм ҳам ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду пеналтиро бе хато иҷро кард. Ҳамин тариқ, “Ювентус” пас аз ин пирӯзӣ шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад баробар карда, аз мавқеи аввал роҳхати даври плей – оффро ба даст овард. “Барселона” бошад аз зинаи дуюм иштирокчии даври навбатӣ гардид.

Дар ин гуруҳ ҳамчунин дастаи “Динамо” – и Киев тими “Ференсварош” – ро дар даври ҷамбастӣ бо ворид кардани як голи беҷавоб мағлуб намуда, бо касби 4 имтиёз иштирокчии Лигаи Аврупо гардид.

Дар гуруҳи охирини мусобиқа дар ин давр дастаҳои «РБ Лейпсиг» ва «Манчестер Юнайтед» дидор анҷом доданд. Вохӯрии дастаҳо дар Олмон доир шуда, бо натиҷаи 3:2 бар суди мизбонон хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳои «РБ Лейпсиг» – ро Анхелинйо, Айдара ва Клайверт муаллифӣ намуданд. Тӯбҳои “МЮ” – ро бошад, Бруну Фернандеш ва Погба ба нишон расониданд. Баъди ин вохӯрӣ “МЮ” бо касби 9 хол дар зинаи сеюми гурӯҳи “Н” қарор гирифта, ба Лигаи Аврупо раҳсипор шуд. Дастаи «РБ Лейпсиг» бошад, ба даври плей – офии Лигаи қаҳрамонҳо.

Як дидори дигари гуруҳи H миёни дастаҳои ПСЖ ва Истанбул ба таъхир гузошта шуда, шоми имрӯз доир мегардад.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE