ТАТБИҚИ ИҚДОМИ “ШАҲРИ САБЗ” ДАР БОҒИ БА НОМИ АЙНӢ

Дар пайравӣ ба иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишвар аз ҷониби корхонаву ташкилот ва сокинон корҳои сарсабзнамоиро анҷом дода истодаанд.

Дар ин замина дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”, ки яке аз маконҳои дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт мебошад, маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ идома дорад. Ба маълумоти масъулини боғи мазкур дар пайравӣ аз иқдоми роҳбарияти шаҳр онҳо талош доранд, ки бо шинонидани ниҳолу дарахтони гуногун ин минтақаи пойтахтро боз ҳам ободу зебо намоянд. Амрулло Боқиев, директори боғи мазкур зимни суҳбат гуфт, кормандони МД “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” дар баробари ниҳолу дарахтони да ҳудуди кишвар парваришшуда ҳамзамон дарахтонеро ҳам, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда шуданд ва ба иқлими кишвари мо мутобиқанд, мешинонанд. “Дар шинонидани дарахту гулу гулбуттаҳои ороишӣ мо аз тавсияи мутахассисон истифода бурда, худи кормандони мо низ дар ин самт таҷрибаи бой доранд, ки аз онҳо фаровон истифода мебарем”.

Мавсуф зимни суҳбат қайд кард, ки барои нигоҳдорӣ ва иҷрои талаботи нигоҳубини дарахтони шинонидашуда дар ҳудуди боғ кормандони алоҳида вазифадор карда шуда, агротехникаи шинонидан ва сабзиши ниҳолҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи растанипарварӣ назорат карда мешаванд.

Ба маълумоти Амрулло Боқиев онҳо аз рӯзҳои мусоиди фасли зимистон истифода бурда, ният доранд корҳоро дар ин самт ба пуррагӣ ба анҷом расонанд. Ба ин хотир онҳо кӯшиш доранд дар пайравӣ ба иқдоми шаҳрдорӣ ин гӯшаи пойтахтро ба макони ободу зебо ва ҷойи дӯстоштаю фароғатии сокинону меҳмонон табдил диҳанд.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE