СОМАЛИ: ТАРКИШИ ШАДИД ВА ТИРПАРОНӢ ДАР ПОЙТАХТ

Субҳи имрӯз дар пойтахти Сомали – шаҳри Могадишо таркиши шадид ва тирпаронӣ дар пойтахти ба амал омад. Дар ин бора рӯзномаи “Сомали Гардиан” иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, таркиш бар зидди гуруҳи низомиёни Неруҳои сулҳҷӯи Иттиҳоди Африқо дар Сомалӣ, ки дар ноҳияи Ҷумҳурия мустақаранд, амалӣ шудааст. Дар хабари манбаъ гуфта мешавад, ки пас аз таркиш низомиён бо тирпаронӣ ба инфиҷориҳо зарбаи ҷавобӣ додаанд. Дар натиҷаи тирпаронӣ ва оқибатҳои зарир он ба таври дақиқ маълумот дода нашудааст.

Гуфта мешавад, ки чанд нафар дар паи ин ҳодисаҳо ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Феълан масъулияти таркишро касе бар уҳда нагирифтааст.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE