ТАШКИЛИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ХОНАШИНИ ПОЙТАХТ

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Макомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии ”Маркази копютеромӯзии пойтахт” ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” курсҳои омӯзишӣ барои занону бонувони хонашин таъсис дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии меҳнат ва шуғли Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии калонсолон ва сохторҳои зертобеи он иштирок карданд.

Мавсума Муинӣ, муоини раиси шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр кард, ки ташкили курсҳои омӯзишӣ ба соҳибкасб намудани занону бонувон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону бонувон аз оилаҳои ниёзманд ва мусоидат ба беҳдошти вазъи иҷтимоии занону духтарон равона гардидааст.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Заррина Зуҳурова зикр кард, “курси омӯзишии мазкур давоми як моҳ- аз 15 декабр то 15 январи соли 2021 идома ёфта, пас аз хатм ба таълимгирандагон гувоҳнома супорида мешавад. Бо занону духтарон омӯзгорони ботаҷриба аз рӯи касбҳои  дӯзандагӣ ва пазандагӣ машғулият мегузаронанд”.

Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои 80 нафар занону духтарон дар ҳолест, ки соли равон дар пойтахт аз ҷониби мақоми шаҳрии ваколатдори соҳа 2166 нафар занону бонувон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  410 нафар зиёд мебошад.

Аминҷони Абдуразоқ, директори Корхонаи воҳиди давлатии ”Маркази копютеромӯзии пойтахт” дар тақвияти андешаҳои боло гуфт, ҳадафи ташкили и курс татбиқи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҳамзамон, сиёсати давлатии занон мебошад. Ба иттилои ӯ дар курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» 80 нафар занону духтарони хонашин аз пойтахти мамлакат ҷалб гардиданд. Онҳо муддати як моҳ ҳунарҳои дузандагӣ, пазандагӣ ва попурзаниро аз бар намуда, бо диплому сертификат сафароз гардонида мешаванд.

Моҳитобон Раҳмонова дар хонаи худ курси ҳунаромӯзӣ ташкил намуда, ба занону духтарони бекор нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро омӯзонида, имрӯз онҳоро ба курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ҷалб намудааст.

Занону духтарон хушҳол аз онанд, ки чунин курсҳои омӯзишӣ дар кишвар то рафт зиёд мегарданд ва ба ин васила онҳо аз нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ бархӯрдор шуда, ба наслҳои минбаъда онро мерос мегузоранд. Инчунин, ин занону бонувони хонашин баъди хатми курс метавонанд ба буҷаи оилаи хеш даромади иловагӣ оранд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE