ҲИСОР: ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОНИ НОБИНО

Муассисаи давлатии таълимии мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор соли 1961 таъсис ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, муассисаи таълимии мактаб – интернати ҷумҳуриявии кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор номгузорӣ шудааст.

Вазифаҳои мактаб – интернат аз фароҳам овардани шароит барои аз худ кардани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ барои кӯдакони нобино ва биноияшон суст, таъмини кафолати ба таълим фаро гирифтани кӯдакону наврасони нобино ва биноияшон суст, ислоҳи нуқсонҳо дар инкишофи таълимгирандагон тавассути таълим, ҳамчунин барқароркунии иҷтимоию равонӣ барои омезишёбии минбаъдаи онҳо дар ҷомеа, дар инкишофи кӯдакони нуқсони биноидошта, рушди таҳлилдиҳандагони ҳифзӣ (вобаста ба майнаи сар), лаёҚату малакаи ҷубронкунанда, ки баҳри мутобиқшавии таълимгирандагони биноияшон маҷрӯҳ дар ҷомеа мусоидат мекунад, тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тоқатнопазирӣ нисбати ҳама гуна падидаҳои зиддиконститутсионӣ ва зиддиҷамъиятӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳангдӯстӣ, бунёди замина барои интихоби бофаҳмиш ва баъдан азхудкунии барномаҳои таълимӣ бо назардошти имконоти равонию ҷисмонии таълимгирандагон вобаста ба биноӣ, таъмини ҳифз ва беҳдошти вазъи саломатии таълимгирандагон, тарбияи тарзи ҳаёти солим иборат мебошанд.

Дар муассисаи таълимии мазкур соли таҳсили 2020 – 2021, 232 нафар таълимгиранда (68 духтар ва 164 писар), ки нисбат ба соли гузашта 17 нафар зиёд мебошад, аз ҷумла имсол дар синфи 1 то 4 – 62 нафар, дар синфи 5 то 9 – 119 нафар ва дар синфи 10 то 12 – 51 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаи таълимӣ 19 нафар мураббӣ (11 зан), аз ҷумла 10 нафар бо таҳсилоти олии педагогӣ ва 9 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ фаъолият менамояд.

Дар соли таҳсили 2019 – 2020 аз ҳисоби 12 нафар хатмкардаи синфи 12 ҳамагӣ 9 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва аз ҳисоби 3 нафар хатмкардаи синфи 10 ҳама тариқи Маркази миллии тестӣ ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил шуданд.

Ба таълиму тарбияи таълимгирандагон 49 нафар омўзгор (21 нафар зан), аз ҷумла 39 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 13 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ машғул мебошанд. Дар мактаб – интернат 28 нафар омӯзгори нобино фаъолият менамоянд.

Бинои таълимии таълимгоҳ дуошёна ва дорои 25 синфхонаи таълимӣ мебошад. Дар муассиса кабинетҳои компютерӣ, лингофонӣ, химия, таълими меҳнат, математика, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, суруд ва мусиқӣ ва ҳуҷраи кории равоншинос амал намуда, барои таълимгирандагони синфҳои ибтидоӣ 8 синфхона ҷудо гардидааст.

Дар мактаб – интернат барои таълими технологияи иттилоотӣ синфхонаи алоҳида бо 13 адад компютер ва 1 адад принтер таъмин мебошад.

Бинои хобгоҳи муассисаи таълимӣ дуошёна буда, дорои 20 ҳуҷра ва 214 кати хоб мебошад. Таълимгирандагон бо кат ва рахти хоб таъминанд. Хобгоҳ бо 2 адад деги буғӣ гарм карда мешавад.

Таълимгирандагон дар як ҳафта 2 маротиба бо хӯроки гӯштӣ ва 1 маротиба бо тухми мурғ, 4 маротиба бо равғани маска ва 1 маротиба бо ҳасиб таъмин карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, таълимгирандагон дар як рӯз 3 маротиба бо хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Дар мактаб – интернат ҷињати пешгирӣ ва ҳифзу ҳимоя аз бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории зудпаҳншавандаи коронавирус тадбирҳои зарурии амалӣ андешида шуда, чораҳои фаврии тамизгардонию пешгирикунанда ба роҳ монда шудааст.

Дар соли таҳсили 2018 – 2019 аз рӯи нақшаи тасдиқгардида барои хӯрокаи таълимгирандагон 271 934 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки ба як таълимгиранда аз ҳисоби умумии 212 нафар 4 сомонию 68 дирам ва дар соли таҳсили 2019 – 2020 барои хӯрока 295 383 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки ба як таълимгиранда аз ҳисоби 219 нафар 5 сомонӣ рост меояд.

Лозим ба қайд аст, ки соли сипаришуда 2 нафар таълимгирандагони мактаб – интернат хонандагони синфи 11 – Тураев Тураҷон дар озмуни  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (дар даври шаҳрӣ) ҷои 2 – юмро ишғол намуда, сазовори тӯҳфаи пулӣ ва “Сипоснома” – и Раиси шаҳри Ҳисор гардида, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт ва Муҳсиддинов Зиёратшо дар озмуни “Дунёи кӯдакии ман” дар номинатсияи “Навори беҳтарин”сазовори ҷои ифтихорӣ гардида, бо тӯҳфа ва сипоснома сарфароз гардонида шуд.

 

Фирӯз КАРИМЗОДА,

Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE