ТАЪХИРИ ВАКСИНАГУЗАРОНИИ АҲОЛӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ
Агентии назорати сифати маҳсулоти хӯрока ва доруворӣ дар Индонезия ба қароре омадааст, ки муҳлати санҷиши ваксинаи зидди коронавируси ширкати чини “Синовас” – ро на камтар аз се моҳи дигар тамдид намояд. Дар ин бора рузномаи “Ҷакарта Пост” хабар додааст.
Тавре губернатори музофоти Яваи Ғарбӣ Ридван Камил изҳор доштааст, аз ин пештар қарор буд, ки санҷиши ваксина ва гузаронидани озмоиши хуни ихтиёриён то моҳи декабр ҷамъбаст шавад, аммо кунун боз як санҷиши дигари ҳосили муқовимати бадан то моҳи марти соли оянда дар назар дошта шудааст.
Аз ин пештар Президенти Инданезия Ҷоко Видоло таъкид карда буд, ки ваксинагузаронии умумииаҳолиро то охири соли ҷорӣ шуруъ хоҳанд кард. Бино ба суханони Видоло масъалаи аз ҳама муҳим дар ин масъала, бехатарии ваксина мебошад. Дар навбати аввал кормандони тиббӣ, полис ва низомиён бо ваксина таъмин карда мешаванд.
Индонезия ният дорад дар навбати аввал ваксинаҳои ширкатҳои чинии “Синовас” ва “Синофарм” – ро, ки ба теъдоди 18 млн. воя ба ин кишвар ворид карда мешавад, истифода барад. Дар умум Индонезия дар хусуси воридоти 250 млн. Вояи ваксина то охири соли 2021 шартнома дорад.
Мижгон РАҲМОНЗОДА,
“Садои Душанбе”