Байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Чехия Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санад дар доираи сафари вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон ва Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва вазири саноат ва савдои Чехия ба имзо расид. Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Протокол масъалаҳои мубрами дуҷонибаро дар самтҳои авлавиятноки ҳамкории ду давлат дар бар гирифта, ба тақвияти ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ аз Чехия, истифодаи технологияи муосир ва технологияҳои «сабз»-и истеҳсоли ин давлати аврупоӣ дар раванди истеҳсолоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон дар шаҳри Душанбе нишасти 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва иқтисодӣ ва Форуми сармоягузорию саноатии Тоҷикистон ва Чехия баргузор гардид. Дар он доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Чехия иштирок намуда, масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, мошинсозӣ, туризм, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Соҳибкорону сармоягузорони чехӣ бештар ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон