Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо ҳокими вилояти Фарғона

Дар шаҳри Чӯлпон-отаи Қирғизистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров мулоқот кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Аснои суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду мамлакат, ки самараи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раисони вилоятҳои ҳаммарз барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби якҷояи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоятҳо, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуда, амалисозии тарҳҳои муфид барои минтақаро ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек маънидод карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE