РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ БА МУСОФИРОН ДАР ККВД «АВТОБУС – 1»
“Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистони солҳои 2020 – 2021» ва дар робита ба ин, ККВД «Автобус – 1» нақшаи чорабиниҳоро дар бораи сари вақт омода намудани автобусҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистон таҳия ва тасдиқ намуданд, ки иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад”, – гуфт муовини директори муассиса Ҳамзаалӣ Ғаниев.
Ба иттилои Ғаниев айни замон дар корхона барои зимистонгузарони шинаҳо (балон), сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, сару либоси зимистона ва антифирис ба қадри зарурӣ захира карда шудааст. Аз корхона ҳамарӯза то 135 – 140 адад воситаҳои нақлиёт ба хизматрасонӣ сафарбар мешаванд, ки наву муосир мебошанд.
“Дастоварди асосии корхона дар соли 2020 он аст, ки шурӯъ аз 2 октябри соли равон дар хатсайри №8 – и пойтахт, ки теъдоди мусофирон дар масири мазкур бештар мебошанд, автобуси дуқабата ба фаъолият оғоз намуд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобуси мазкур ни чун дигар воситаои нақлиёти мусофиркаш тариқи корт ба роҳ монда шудааст. Хатсайри мазкур аз Дарвозаи ғарбӣ оғоз гардида, тавассути кӯчаву хиёбонҳои Н. Махсум, И. Сомонӣ, Рӯдакӣ, С. Айнӣ, А. Дониш, Мастонгулов то Фурӯдгоҳи куҳна рафта мерасад”, – гуфт муовини директори корхона.
Ба иттилои масъулин ҳоло корхона дар 12 хатсайри автобусҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ менамояд. Қисмате аз ин воситаҳои нақлиёт истеҳсоли ватанианд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
“Садои Душанбе”