ТАТБИҚИ ИҚДОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он бо иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад. Дар доираи ин иқдом устододону хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар саҳни муассиса дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинониданд.

Ба иттилои роҳбарияти муассиса онҳо ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат ва пайравӣ ба иқдоми пешгиритаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки якгӯшаи пойтахтро бо шинонидану сабзонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан обод намоянд. Директори литсейи мазкур Насимҷон Давлатов гуфт, ин иқдомро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, якҷоя бо ҳайати устодону хонандагон саҳни литсейро бо дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла арча зебу зинат доданд. “Маъракаи ниҳолшинониро қарзи шаҳрвандии худ дониста, дар айравӣ б иқдоми муҳтарам шаҳрдор бо сарбаландиву мардонагӣ дар ин маъракаи муҳим саҳми хешро мегузорем”.

Ба иттилои Суҳбатулло Саъдуллоев, муовини директори литсей онҳо дар ин маърака зиёда аз 150 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида, ба ҳусни муассиса зебоии дучанд зам намуданд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE