БДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОЗМУНИ ШАҲРИИ ДАСТАРХОНОРОӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ин, озмунҳои анъана ва ҳунанрҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар озмун намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ, ки ба ҳайати комиссияи озмун шомил мебошанд, иштирок намуданд.

Мақсади ташкил ва гузаронидани озмун дар амал татбиқ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №318 буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифодаи сарфакории моҳиронаи (ҳунармандона) сифти оростани дастархон дар тўю маъракаҳо беҳтар гардад.

Зимнан, чунин озмунҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳоӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар озмун нафароне, ки дар сатҳи ноҳиявӣ аз ҷумла, ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ ҷойи якумро ишғол намуданд, ба даври шаҳрӣ роҳхат пайдо карда иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати ҳакамон аз дастархони омоданамудаи довталабон дидан намуда, бо дарназардошти тарзи истифодаи сарфакорона, моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд буда, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ намуда, ғолибони озмун муайян карда шуданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои пулӣ аз ҷумла, ҷойҳои якум 5000 сомонӣ, дуюм 3000 сомонӣ ва сеюм 1500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин, барои иштироки фаъолона дар озмун ба довталабе, ки ҷойҳои намоёнро ишғол накардааст, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Боиси зикр аст, ки ғолиби ҷойи якум барои иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниҳод карда мешавад.

акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE