ПЕШВОИ СОБИҚ, ГУРУҲҲОИ ТУНДГАРО ВА Ё ОМИЛИ НОАМНИИ АФРИҚОИ МАРКАЗӢ КИСТ?

Дар пешорӯи итихоботҳои парлумонию президентӣ, вазъ дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ боз ҳам ноором мегардад. Нерӯҳои сиёсии кишвар аз ташкили ин корзори сиёсӣ изҳори норизогӣ намуда, гуруҳҳои мусаллаҳ ба шаҳрҳо ҳамла мекунанд. Дар пасманзари ин буҳрони ноамнию сиёсӣ ҳукумати Африқои Марказӣ як пешвои собиқи худро ба ғасби ҳукумат мутаҳам мекунад.

Дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ошӯбгарони мусаллаҳ шаҳри Бамбариро, ки воқеъ дар ҷануби кишвар аст, забт намуданд. Дар ин бора хабаргузории “Франс – Пресс” бо такя ба намояндагони ҳукумати ин кишвар иттилоъ додааст.

Ба иттилои хабагузорӣ, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Марказӣ собиқ президенти ин давлат Франсуа Бозизеро дар кӯшиши табоддулоти давлатӣ гунаҳкор кардааст. Манбаъ мегӯяд, ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки се гурӯҳи ошӯбгарони дар кишвар амалкунанда эълон доштаанд дар остонаи интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, ки қарор аст рӯзи 27 декабр баргузор шавад, нерӯҳои худро ба муқобили ҳукумат равона менамоянд.

Дар робита ба воқеаҳои охирин шаҳдори Бамбарӣ – Абел Матчипата ба ин хабаргузорӣ гуфт, шаҳр таҳти назорати гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор дошта, нисбати сокинон ҳеҷ гуна зуроварӣ вуҷуд надорад. Як мақоми баланпояи дигар аз ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Марказӣ низ инро тасдиқ карда, гуфт, ки шӯришчиён чорумин шаҳри сераҳолии ин кишварро, ки аз пойтахт дар масофаи 380 километр қарор дорад, ишғол намудаанд.

Дирӯз дар робита ба вазъи баамаломада дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ роҳбарияти Русия тамоми нерӯҳои сиёсии ин кишварро дар масъалаи интихобот ба музокирот даъват намуда, ҳалли мусолиматомези ин қазияро пеш гузошт. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, Маскав ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ барои омӯзиши мутахассисони артиши миллиаш ба таври иловагӣ 300 инструктор- (мушовирон)-и низомӣ фиристод. Ин ниҳоди сиёсати берунаи Русия шарҳ додааст, ки иқдом дар посух ба дархости роҳбарияти кишвари Африкои Марказӣ баҳри мусоидат дар таҳкими қобилияти мудофиавии он аҷом дода шуд.

Дар навбати худ муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Багданов имзни суҳбат бо хабаргузории “Новости” иттилоъ дод, ки низомиёни рус дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ дар амалиётҳои низомӣ ширкат нахоҳанд кард.

Қаблан, Сафири Русия дар Ҷумхурии Африқои Марказӣ Владимр Титоренко хабарҳои ВАО – ро дар мавриди фиристодани низомиён аз ҷониби Маскав ба ин кишвар рад карда, изҳор дошта буд, ки дар Африқои Марказӣ нафаре аз низомиёни кишвараш набуда, факат 5 нафар кормандони Вазорати дифои Русия, ки дар шаҳри Банги қарор доранд, «бо дархости ин кишвар артиши Ҷумҳурии Африқои Марказиро таълим медиҳанд. Ин ҳам ба Шӯрои амнияти СММ ва ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст», – гуфта буд, ҷаноби сафир. Ба иловаи ин дипломати Маскав, ба ғайр аз ин 5 нафар, инчунин, 14 тан афсари рус дар мақоми посдорони сулҳи СММ дар ин кишвар хидмат мекунанд.

Сафири Русия дар Ҷумхурии Африқои Марказӣ Владимр Титоренко дар робита ба ҳаводиси охир дар ин давлат гуфтааст, ҳеҷ кӯшиши табоддулоти давлатӣ вуҷуд надорад, зеро ошӯбгарон ба пойтахт нарасидаанд. Ӯ тавзеҳ додааст, ки собиқ президент – Базизе бар хилофи қарори Суди конститутсионӣ, ки ба ӯ иҷозати ширкат дар интихоботро надод, бо пешвоёни мухолифин ва роҳбарони гуруҳҳои шӯришгарои муссалаҳ мулоқот намуд, то мардумро ба исён даъват намоянд. “Вазъ дар Чумҳурии Африқои Марказӣ аз огози моҳи декабри соли 2013, замоне авҷ гирифт, ки дар шаҳри Банги миёни ҷангиёни гуруҳи тундрави “Селека” ва шӯришчиёни масеҳӣ задухӯрд сар зад”, – гуфт ин дипломати рус.

Тибқи маълумоти СММ то охири моҳи июни соли 2018 як миллион нафар сокинони ин кишвар нафар маҷбур шуданд, то хонаҳои худро тарк куннд ва тақрибан шаш ҳазор нафар дар пайи ин бархӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок шудаанд.

Дар пайи ин бедодгариҳо санаи 6 феврали соли 2019 дар шаҳри Хартум ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва намояндагони гуруҳҳои мусаллаҳ бо баргузории музокироти тақрибан дуҳафтаина созишномаи сулҳро ба имзо расониданд, ки ба хотима додани муноқишаи тӯлонӣ дар ин кишвар пешбинӣ шудааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки интихоботи озодро ташкил хоҳанд кард. Ҳамзамон ҳукукумат уҳдадор гардида буд, ки таъсиси озоди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро дар ин кишвар таъмин менамояд. Инчунин, қарор кабул шуда буд, ки барои бозгашти ихтиёрии гурезагон шароити заруриро фароҳам меорад. Вале натиҷа чӣ мешавад, вақт нишон медиҳад.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE