ФАРОНСА: ОҒОЗИ ВАКСИНАГУЗАРОНИИ АҲОЛӢ

Дар Франсия ваксинагузаронии оммавии аҳолӣ аз ҳафтаи оянда шуруъ мегардад. Дар ин бора Агентии иттилоотии Русия «Новости» аз суханони вазири тандурустии ин кишвар Оливе Веран хабар додааст.

Вазир таъкид доштааст, ки дар навбати аввал аҳолии осебпазир ва пас аз ташхиси тиббӣ ихтиёран эм карда мешаванд. Дар мусоҳиба бо радиои “Europe 1” Веран изҳор доштааст, ки ваксинагузаронӣ дар Фаронса дар баробари дигар кишварҳои аврупоӣ рӯзҳои 27 – 28 декабр шуруъ мегардад.

Аз ин пештар сарвазири Франсия Жан Кастекс хабар дода буд, ки дар навбати аввал наздики як миллион нафар бо ваксина таъмин мешаванд. Давраи аввали ваксинагузаронӣ то ҳафт ҳафта идома меёбад. Дар давраи дуюм бошад 14 млн. нафари дигар ваксинаи коронавирусро дарёфтмекунанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE