МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: АГАР СИГОРКАШ ДУЧОРИ КОРОНАВИРУС ШАВАД …
Истифодаи тамоку ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Мубориза бар зидди он мушкилоти иҷтимоӣ гардидааст. Табибон ва олимони бисёр мамлакатҳо дар муборизаи зидди сигоркашӣ якҷоя амал мекунанд.
Дар ин доира ҳам масъулини ниҳодҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва ҳам сокинони кишвар дар пайи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза зидди тамокукашӣ чораҳои амаль меандешанд.
Тахмина Меликова, мудири шуъбаи бемориҳои шуши Маркази миллии тиббии “Шифобахш” зимни суҳбат зикр кард, ки дуди тамоку на танҳо ба саломатии худи сигоркаш, ҳамчунин ба атрофиёнаш низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфтаи номбурда, дар таркиби дуди тамоку моддаи никотин бештар буда, он ба саломати инсон зарар дорад. “Мутаасифона солҳои охир дар ҷаҳон сафи нафароне, ки тамоку мекашанд, зиёд гардида истодааст ва аз ин сабаб фавти одамон низ бештар мешавад”, – мегӯяд Тахмина Меликова.
Ба гуфтаи ӯ тамокукашӣ имконияти ҷисмонии одамро хеле маҳдуд менамояд. “Бо паст шудани қобилияти масунияти бадан тамокукашро хатари мубталошавӣ ба маризиҳои роҳҳои нафас, саратон, фишорбаландӣ, сактаи дил, захмҳои рӯдаю меъда таҳдид мекунад”, – гуфт Тахмина Меликова.
Мавсуф таъкид кард, ки дар таркиби дуди сигор натанҳо моддаи никотин, ҳамчунин дигар моддаҳои зарарноки химиявӣ низ мавҷуданд, ки агар сигоркаш бо бемории сироятии коронавирус гирифтор шавад, табобаташ мушкилтар мегардад.
Мубориза бар зидди тамокукашӣ яке аз вазифаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад, ки ба он Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ назорат менамояд. Вобаста ба ин, ҳукумати кишвар барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ташаббусҳои зиёди тавзеҳотиро рӯи даст гирифтааст.
Умедаи САНГАЛӢ,
“Садои Душанбе”