МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23): ТАМРИНҲО БО МАРОМ ҶАРАЁН ДОРАНД

Ҷамъомади таълимии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I», ки аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, идома дорад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дастаи Мубин Эргашев дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамринҳои навбатии худро анҷом дод. Дастаи олимпии Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар ҳайати комил ҷамъ мешавад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Гурӯҳи «I»

️ Даври 1

 6 сентябр (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

 Лаос –  Австралия

️ Даври 2

 9 сентябр (шанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

 ТОҶИКИСТОН –  Лаос

️ Даври 3

 12 сентябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

 Австралия –  ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE