ПИРӮЗИИ ҶАВОНОНИ 19 – СОЛАИ КИШВАР ДАР БОЗИИ НАВБАТИИ ДӯСТОНА

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади хубу беҳтар омода гардидани мунтахабҳои футболи кишвар ба мусобиқаҳои дар соли 2021 тарҳрезишуда тӯли ҳафтаи равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе рақобатҳои дӯстонаи мунтахабҳои 16-сола ва 19-солаи кишвар бо тимҳои Эрон баргузор гардида истодааст.

Дирӯз дар рақобати нахустини дӯстона мунтахаби 16-солаи Эрон соҳибони майдонро бо ҳисоби 1:4 мағлуб сохтанд. Аммо имрӯз дар бозии аввали дӯстона миёни ҷавонони 19-солаи Тоҷикистону Эрон соҳибони майдон яъне футболбозони ҷавони кишвар шаҳдӣ пирӯзӣ чашида, ҳамсолони эронии хешро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохтанд.

Нахуст ҳисоби дидорро футболбозони эронӣ кушоданд. Али Субҳонӣ дар нимаи дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 56-ум аввалин голи дидорро ба номаш муҳр зад. Дар дақиқаи 73-ум Абдулмумин Забиров аз зарбаи ҷаримавии 11-метра таносубро баробар кард.

Нуқтаи ниҳоиро дар дидори мазкур Шаҳром Самиев футболбози шинохтаи кишвар дар дақиқаи 86-ум гузошта ба дидори мазкур хотима бахшид.

Бо ҳамин рақобати нахустини дӯстонаи мунтахабҳои 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 пушти сар шуд.

Шодонҷон СУЛТОНОВ,

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE