ОМОДАГИҲО БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МД «ХОНА – ИНТЕРНАТИ БЕМОРОНИ РУҲИИ ШАҲРИ ҲИСОР»

Хона –интернати шахсони дорои имконияти маҳдуди шаҳри Ҳисор соли 1961 аз тарафи Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани 220 нафар маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2-юми чашм, инчунин қабул намудани гирифторони фалаҷ аз синни 16 – сола боло сохта шудааст.

Соли 1979 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҳумҳурии Тоҷикистон Хона – интернати маъюбони шаҳри Ҳисор ба Интернати психо – неврологии Ҳисор табдил ёфт.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, таҳти №102, Муассисаи давлатии “Хона – интернати беморони касалиҳои руҳии ноҳияи Ҳисор”дар назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав бақайд гирифта шудааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» Муассиса ба системаи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст.

Тибқи Оинномаи муассиса вазифаҳои асосии Хона – интернат иборат аст азтаъминоти моддию маишӣ ба бошандагон, барои онҳо фароҳам овардани шароити зиндагӣ, нигоҳубини беморон, ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ ва тавонбахшӣ ва ташкили корҳои маданӣ-маишӣ.

Дар Муасиссаи давлатии “Хона – интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дар соли 2020 аз рӯи басти вазифаҳо 122 нафар кормандон кору фаъолият мекунанд. Айни ҳол, муассиса ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ 239 нафар бошандагонро фаро гирифтааст, ки аз инҳо 100 нафар маъюбони гуруҳи 1 ва 139 нафар маъюбони гуруҳи 2 ебошанд.

Дар пайваст ба ин, дар муассисаи зикргардида низ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, корҳои зиёде дар ин самт ба анҷом расонида шудааст.

Ба ифтихори таҷлил аз ин санаи муҳим дар даромадгоҳи назди дарвоза шиору овезаҳо иваз карда шуданд, зертанаи тамоми дарахтон, роҳравҳои дохили муассиса ва 600 м2 деворҳои беруна рангу бор карда шуданд. Инчунин, дар шоҳроҳи Ҳисор – Қалъа барои боз ҳам хубтару зебо шудан 300 бех гули садбарг шинонда шуда, 500 метр қубури обгузаронии магистралии назди дарвоза аз нав карда шуд.

Дар шанбегиҳои умумӣ кормандони муассиса роҳи даромади Муассиса ва ду тарафи роҳрави берунаро, ки қариб 330 метрро дар бар мегирад, тоза намуданд. Инчунин, барои истироҳати бошандагон дар тарафи чапи муассиса як айвони замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.

                Захираи шарбати олуча

Барои зимистонгузаронӣ ҳезум, сӯзишворӣ, маводи ғизоӣ, аз қабили картошка, пиёз, равған ва дигар намуди маҳсулоту маводи гармидиҳӣ ба таври 100% захира карда шудааст. Айни замон, дар муассиса маводи сузишворӣ, аз ҷумла 84 тонна ангишт (100%), 50м3 ҳезум (100%) ва барои генераторҳои барқдидињанда 300 литр сӯзишворӣ (100 %).захира карда шудааст.

Дар ин давра дар муассиса 6 тоннаву 300 кг картошка (100 %), 2 тоннаву 100 кг пиёз (100%), 2 тоннаву 160 кг сабзӣ (54,71%), 9 тоннаву 600 кг орд (100%) ва 600 литр равған (100%) захира карда шудааст.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE