ВАЗИФАИ НАВИ ХУДОЁР ХУДОЁРЗОДА

Собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ширкати роҳсозии «Innovative Road Solutions» (IRS) вазифаи нав гирифт, – иттилоъ медиҳад сомонаи ширкат. Мутобиқи маълумоти сомона Худоёрзода муовини директор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ таъйин шудааст.

Худоёр Худоёрзода, 31 августи соли 2020, тибқи фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд ва ба ҷои Азим Иброҳим таъин гардид.

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингиро ҷорӣ намуд. Ширкат нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе — Чаноқро ба уҳда дорад.

Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Тоҷикистон- ин расонидани кумак ба халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастрас гардонидани ҳаракати доимӣ ва бехатар дар тӯли сол дар роҳҳои мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳҳо, мусоидат дар ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи гардиши мол дар дохили кишвар ва бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Гузашта аз ин, бо таваҷҷўҳ ба ҳолати ҷуғрофии мавҷуда ва вижагиҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар кишваре, ки қисми асосии онро кўҳҳои баланд иҳота кардаанд ва дорои хати ҳаракати мушкилгузару дастрасии маҳдуд ба воситаҳои дигари интиқол, механизми мазкур саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Механизми ҷорикардаи ин ширкат барои беҳтар шудани инфрасохтори роҳи автомобилгарди кишвар ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE