ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАРОИ АЁДАТИ ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ
Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини соҳа. дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша дар арафаи Соли нави мелодӣ ба аёдати беморону маъюбон, ятимону шахсони эҳтиёҷманд рафта, аз аҳволашон бохабар шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонанд.
Ба иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дстгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт ба муовини соҳавӣ, раисони ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ аз байн бурдани миёнаравӣ ва таъмини рақобати солим аз фишангҳои дар қонун пешбинишуда, махсусан бо роҳи ворид намудани маҳсулоти захирашуда, инчунин бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ дар соли 2021 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар иҷлосия таъкид шуд, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Раиси шаҳри Душанбе изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди пойтхт ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлол истиқбол мегиранд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”