Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Корея эътимоднома супорид

17 октябри соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл эътимоднома супорид.

Дар суҳбате, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома сурат гирифт, сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муҳтарам Юн Сок Ёл ва мардуми Ҷумҳурии Корея расонид. Зимнан ҳавасмандии ҷонибҳо ба муҳиммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея таъкид гардид.

Президенти Корея ба сафири Тоҷикистон барои анҷоми фаъолияти пурсамари дипломатӣ комёбӣ орзу намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE