ТАВЛИДИ АВВАЛИН ПАНҶГОНИКҲО ДАР ТОҶИКИСТОН
Як сокини 30 – солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бори аввал дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё овард. Табибон мегӯянд, сиҳатии навзодон хуб аст ва онҳо зери назари табибон қарор доранд.
Ба иттилои сомонаи “РО” Дилноза Мамадова, ки интизори фарзанди сеюмаш буд, якбора панҷгоник – 2 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то ду килограм ба дунё овард. Ин панҷгоникҳо рӯзи 30 – юми декбар дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таваллуд шуда, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи табибон модари навзодон ду моҳи охир зери назорати табибони ин бемористон қарор дошт ва бист рӯзи гузашта дар таваллудхона бистарӣ буд.
Гулҷаҳон Давлатзода, мудири Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” рузи 31-уми декабр гуфт, таваллуди панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро бо ҷарроҳӣ гирифтанд. Ба гуфти вай “ҳар хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии вазири тандурустӣ мо анҷом додем ва аз хонаводааш чизе талаб нашудааст. Ҳудуди бист рӯзе, ки модари навзодон инҷо бистарӣ буд, хӯроки севақтаи занро худамон таъмин кардем. Мо ҳам талош дорем, ки кӯдаконро сиҳату саломат ба хона гусел кунем”.
Табибон мегӯянд замони рухсат шудани панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро ба вазъи сиҳатии кӯдакон вобастагӣ дорад. Ин зан бо ҳамсараш дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён зиндагии миёна доштанд.
Бори аввал аст, ки таваллуди панҷгоник дар кишвари мо бо муваффақият сурат мегирад. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд.