АРАБИСТОНИ САУДӢ: МАРЗҲО БОЗ ШУДАНД, ВАЛЕ НА БАРОИ ҲАМА
Арабистони Саудӣ дубора марзҳояшро ба рӯи хориҷиҳо боз мекунад, аммо бо далели хавфи коронавирус шаҳрвандони як қатор кишварҳо наметавонанд ба шоҳигарӣ ворид шаванд. Дар ин бора хабаргузории “Saudi Press Agency дар истинод ба Вазорати корҳои дохилаи кишвар иттилоъ додааст.
Бо далели вазъи эпидемиологӣ дар Арабистони Саудӣ тартиботи нав ҷорӣ мешаванд. Ҳамин тавр, вуруд ба ҳудуди кишвар барои шаҳрвандоне, ки ду ҳафтаи охир дар Британияи Кабир ва Ҷумҳурии ҷанубии Африқо ва дигар кишварҳое, ки ба намуди нави коронавирус дучор шудаанд, мамнӯъ мемонад. Бар замми ин, шаҳрвандони воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани коронавирус бигиранд ва аз 3 то 14 рӯз дар карантин монанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 21 декабр шоҳигарӣ марзҳояшро бо далели пайдо шудани намуди нави коронавирус дар як қатор кишварҳо баста буд.
Мижгон РАҲМОНЗОДА,
“Садои Душанбе”