Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
23 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Ҳифзи Ватан қарзи муқаддас ва оине аз ватандорист” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Дар он муовини вазири маориф ва илм ЗиёдуллоАбдулзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори сикли кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Раҷабмурод Раҷабов ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Нахуст, муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки Артиши миллӣ сипари боэтимоди давлату миллат ба шумор рафта, дар таъсис ва ташаккули он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи холӣ дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо иродаи миллӣ ва ҷонсупориҳои Пешвои миллат ба вуҷуд омада, дар мудати кутоҳ барои хомӯш намудани ҷанги бародаркуш саҳми сазовор гузошт.
Сипас маърузаҳои сардори сикли кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Раҷабмурод Раҷабов дар мавзуи “Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар” ва раиси иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Садафмоҳ Сафарзода дар мавзуи «Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар пешрафти ҷомеа» шунида шуд.
Дар идома муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода оиди дирӯзу имрӯзи Артиши миллӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 31 соли таъсисёбӣ кафили амнияту якпорчагии кишвар буда, худро чун сипари боэътимоди давлату миллат муаррифӣ намуд.
Дар охир вобаста ба ҳамоиши мазкур миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.