Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мегардад
25-27 апрел дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешаванд.
Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.