КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Маълумот оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯз таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дошта, расму русум ва суннатҳои наврӯзӣ аз аҳди то зардуштӣ ва пас аз он ба ояндагон ёдгор мондаанд.

Наврӯзро гузаштагону аҷдодони мо ба таври махсус ҷашн мегирифтанд ва он то замони мо бо урфу одатҳои хос омада расидааст. Дар рӯзи Наврӯз мардуми тоҷик дастурхони идонаро бо таомҳои гуногун оро медоданд, ки он рамзи аз ҳама қадимӣ будани ин ҷашнро ифода мекард. Аз ҷумла, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастархони идонаро  бо  хӯрокҳои дар ин минтақаи кӯҳистон маъмул  оро медоданд ва то ҳанӯз ин анъана боқӣ мондааст.  Дар хусуси чанд намуд таомҳои  наврӯзии Бадахшон ва тарзи тайёр намудани онҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот ҷамъоварӣ намуд.

Ғизои  муҳимтарини  наврӯзӣ дар Бадахшон боҷ (кашк) маҳсуб мешавад. Дар шаби  дуюми Наврӯз  тамоми хонаводаҳо  боҷ омода мекунанд. Барои омода кардани ин ғизо як қисмати гӯшт бо каллаву поча ва гандуми навъи беҳтарин ҷудо  мешавад. Гандум дар булбулоксанг нарм кӯфта шуда, қисматҳои дурушти он ҷудо мегарданд. Вақте шаб фаро мерасад, соҳибхоназан дегро рӯи оташ мемонад. Калони хона аввал  гӯшт ва гандуми кӯфтаи дуруштро ба дег меандозад. То ба ҷӯш омадани боҷ аз хона баромадани касе мумкин нест.

Боҷ табиатан ғизои дерпаз аст ва ба ҷӯшидани зиёд ниёз дорад. Баъде ки гандумдаляи дурушт дар боҷ пухта нарм шуд, гандуми кӯфтаи нармро ба даруни дег меандозанд. Боҷро то дер ҷӯшонда, сипас дар кӯзаи калони гилӣ мерезанд ва кӯзаро даруни оташдон болои лахчаҳо мемонанд. Боҷ нарм-нарм то субҳ меҷӯшад.

Сипас аъзои хонаводаҳо боз ҳамдигарро табрик ва «баҳор муборак» мегӯянду ба сари хон мешинанд. Боҷ, ки то субҳ пухта шуда, гӯшту гандум маззаи ҳамдигарро ҷаббиданд, ба моеи ширешмонанде табдил меёбад. Ин ғизо хеле хушлаззат аст.

Мардуми Бадахшон  тибқи русуми куҳан онро то чанд рӯз ҳам худашон тановул мекунанд ва ҳам ба ҳамсояҳо тақсим менамоянд.


Дар рӯзи Наврӯз соҳибхоназанони Бадахшон якчанд навъи қумоч ва кулча тайёр мекунанд, ки ҳар яке аз онҳо бо шакл, тарзи тайёр кардани худ аз ҳам фарқ доранд. Масалан, деҳқонқумочро  аслан дар рӯзи Наврӯз омода менамоянд. Вақте ки деҳқон поруи аввалро ба замин мебарорад, аз ҳамин қумоч ба он ҷо мебаранд ва ба ҳозирбудагон медиҳанд. Инчунин дар навоҳии Бадахшон таоми дигаре ҳаст, ки дар рӯзи якуми ҷуфтбаророн омода мешавад.

Дар хонаҳои деҳқонон дар ин рӯз таоми махсус аз орду об ва равғану шир омода мегардад, ки мардум онро кочӣ меноманд. Соҳибхоназан вақти саҳар дегро болои оташ гузошта, ба он об меандозад ва вақте об ҷӯшид, ба он орд илова карда, мекобад ва он сахт шудан мегирад. Сипас омода мешавад ва ба он ширу равғани зард илова мекунанд. Атолаи кочӣ  хеле бомазза аст ва он  рамзи сериву пуриро дорад.

Оши бурида аз ҷумлаи он таомҳои қадимии мардуми маҳаллии Бадахшон аст, ки   истеъмоли онро бештар калонсолон дӯст медоранд. Аслан онро дар чаҳор фасли сол омода кардан мумкин аст, аммо бештар оши буридаро дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд, чунки дар ин вақт гиёҳҳои табиии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок хусусияти шифобахшӣ дорад, ки ба ҷисму руҳи инсон қувваву неруи тоза мебахшад. Таркиби асосии  оши буридаро зуволаи махсус ташкил мекунад. Он аз орди боқило омода мегардад. Кадбонуи хонадон ба миқдори  муайян орд, об ва намак гирифта, хамир тайёр менамояд. Сипас зуволаро дар болои оштахта ба воситаи ғалтак тунук мекунад. Зуволаи тунуккардашударо  ки  қабат- қабат омода шудааст, бо ошбур (корди калони махсус) маҳин мебуранд. Ҳар қадаре, ки нозуку маҳин бурида шавад, ҳамон кадар тамъ ва лаззати ош басифату  хушхӯр мешавад. Ҳангоме ки зуволаро бурида, тайёр карданд, дар болои оташдон дегро монда, оташ мегиронанд ва дар ҳаҷми зарурӣ ба он об андохта, меҷӯшонанд. Пас аз он зуволаи буридаро меандозанд. Дар ин  марҳила оши бурида пухта, барои тановул омода мегардад ва баъди бардоштан дар табақи калон ба он дуғоби аз қурут омодашуда ва кабудӣ меандозанд.

Дар Бадахшон ин намуди ҳалво то замони имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Ҳалво, яъне хихсро мардуми маҳаллӣ махсусан дар суру маъракаҳо ва ҷашну маросим аз шакар, орд ва равған омода карда, рӯйи дастархон мегузоранд. Он ҳамчун рамзи ширинии ҳаёт дар ҷашни арӯсӣ ва маросими дигар бо муроду орзуҳо ба соҳибҷашнҳо чашонида мешавад. Хосатан дар ин минтақа, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз  ҳамчун иди бузург аст, бо фарорасии он  занони деҳа ё маҳалла дар як хона ҷамъ омада, нахуст  зани солхӯрда дар дег равған меандозад ва гарм мекунад.


Баъд аз он орд дар равған андохта, онро омехта мекунад  ва пас аз ғафс шудан онро аз болои оташ гирифта, дар табақҳои сирдори калон ба занон тақсим мекунад. Онҳо бо қошуқи калони махсуси аз чӯб тайёркардашуда аввал молида, сипас баъди каме хунуктар шудан бо даст сахт-сахт молидан мегиранд. Хихс ранги сафед мегирад, баъдан ба он каме ширро бо шакар илова мекунанд ва то омода шуданаш занон онро мемоланд. Сипас ба косачаҳои майда онро бардошта, ба занон бо яктоӣ кулча тақсим карда, боқимондаро барои  хонавода болои дастархон мегузоранд.

Бояд гуфт, ки ҳар ноҳия ё шаҳр вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва талаботи иҷтимоӣ хӯрокҳои маҳаллии худро дорад. Дар Бадахшон сабаби фаровон будани маҳсулоти зироаткорӣ таомҳои маҳаллӣ дар шаклу намудҳои мухталиф омода мешаванд. Хулоса, дар баробари касбу ҳунарҳои мардумӣ таҳияи хӯрокҳои гуногуни маҳаллӣ низ ифодагари фарҳанги ин минтақа ба ҳисоб мераванд. Мардуми маҳаллӣ  ин русуми қадимиро ҳифз намуда, онро ба ояндагон мерос мегузоранд.

АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE