Якумин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2024» баргузор гардид
Имрӯз дар МД Китобхонаи миллии Точикистон маросми расмии кушодашавии «Якумин Фестивал намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон- 2024» баргузор гардид. Дар кори он муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ширкат намуд.
Дар маросми расмии «Якумин Фестивал намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатхои хориҷӣ дар Тоҷикистон- 2024» намояндагон аз 40 муаасисаи олию касбии 14 давлати хориҷӣ, сафароатхонаҳои хориҷӣ дар Душанбе, масъулини вазорати маориф ва илм, Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилали ва ректорону устодони тамоми макотиби олии ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Дилрабо Мансурӣ- муовини Сарвазири Тоҷикистон дар инфтитоҳи Фестивали мазкур, изхор дошт, ки маориф ҳамчун соҳаикалидии ҷомеа дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мақоми меҳварӣ дошта, дар ин соҳа пайваста аз дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон бархурдор мебошад. Ба таъкиди муовини Сарвазир дар баробари бунёди садҳо муаасисаҳои ибтидои миёна ва олии касбӣ, зиёд гардидани маоши вазифавии кормандон ва стипендияи донишҷуён дар соли чорӣ далели ин гуфтаҳои боло мебошанд.
Виктор Денисенко – сафири фавкулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Точикистон, дар баромадаш ба сатхи хамкорихои ин давлат бо Ҳукумати Тоҷикистон дар сохаи илму маориф ва тайёр намудани мутахаасисони сохаи техналоги изхори итминон намуд. Ба ёдоварии ӯ имруз дар ҳамкорӣ бо Донишгохи техникии Точикистон ин давлат чандин курсхои омузишро дар донишгоххои худ ташкил кардааст, ки дар онхо садхо нафар донишчуёни точик ба тахсил фаро гирифта шудаанд. Сафири Беларус афзуд:
Сипас, дар идомаи маросми расмии «Якумин Фестивал намоишгохи байналмилалии Донишгоххои давлатхои хоричи дар Точикистон- 2024» намяондагон аз дигар корпусҳои дипломатӣ дар Точикистон Муаасссисахои ибтидои миёна ва олии кабии давлатхои Федератсияи Русия, ИМА, ҶМЧ, давлатҳои Осиё ва дигар кишварҳои хоричи иштирокдор оид ба ҳамкориҳои баъди ва чалби довталабон ба ин макотиби олии худу шароитҳои таҳсилот дар онхо изхори назар намуданд. «Якумин Фестивал намоишгохи байналмилалии Донишгоххои давлатхои хоричи дар Тоҷикистон- 2024» то 26 апрел идома ёфта, дар доираи он мехмонон ба шахрхои Бохтару Хуҷанд сафар намоянд ва дар ин марказхои маъмури низ чунин намоишгоххо рохандози хохад гардид.
Т. Сатторов,
“Садои Душанбе”