Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Корея Квон Донгсок мулоқот намуд

15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар мулоқот хонум Ли Ок-Рён – Президенти Ҷамъияти дӯстии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Со Мёнг Ҳун – профессори Институти Боғдории Байналмилалӣ, хонум Ҳён Ҳе Ён – мудири ширкати Шарикони ҷаҳонии Корея, ҷаноби Парк Санг Дюк – директори филиали Шарикони Ҷаҳонии Корея дар Тоҷикистон ва Парк Чанг Минг – директори ширкати Муёнг “Construction Management” низ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Зимни суханронӣ раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, иброз намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.

Зимни суханронӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок афзуд, ки таҳлили раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея нишон медиҳад, ки сол то сол муносибатҳо рушд ёфта истодаанд ва барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар заминаҳои хуб ва умедбахш фароҳам оварда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо мусоидати сафорати Корея дар Тоҷикистон ба кишвари мо, аз ҷумла вилояти Хатлон гуруҳҳои мухталифи соҳибкорону сармоягузорон ташриф оварда истодаанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ мегардад. Маркази мазкур барои омода намудани мутахассисон ва минбаъд кор дар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Кореа мусоидат хоҳад намуд.

– Итминон дорам, ки сафари Шумо ба вилояти Хатлон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ саҳми арзанда мегузорад, – афзуд раиси вилояти Хатлон

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду кишвар, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE