Дар Бохтар Маркази забономӯзӣ ва фарҳанги Корея ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маркази забономӯзӣ ва фарҳанги Корея  ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар марказ тамоми шароити муоисири забономӯзӣ муҳайё буда, дар он забон ва фарҳангӣ Корея омӯзонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор  шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE