Дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроия ва қонунгузори ҳокимияти давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки форум дар доираи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва дарҳои кушоди ҳарду давлат баҳри тақвияти муносибатҳои дипломатӣ байни ду мамлакати дӯсту ҳамсоя ва шарики стратегӣ, ки ҳанӯз 7 январи соли 1993 барқарор гардида буданд, баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ду давлат бар асоси анъана ва арзишҳои муштарак робитаҳои бародарона доранд.

Мамлакати Саид,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE