«Ҷоми рушд – 2021»: ҷавонони тоҷик ҳамсолони қазоқи худро бо ҳисоби калон мағлуб намуданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд 2021» дар шаҳри Минск бар ҳамсолони худ аз Қазоқистон бо ҳисоби калони 7:1 пирӯз шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ голро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода ба нишон расониданд.

Дар даври дуюми “Ҷоми рушд-2021” дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Молдова бозӣ мекунад. Ин бозӣ 3 феврал, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск

Даври 1-ум

31 январ (якшанбе)

14:00 – Қазоқистон – Тоҷикистон (1:7)

17:30 – Беларус – Молдова (1:3)

Даври 2-юм

3 феврал (чоршанбе)

14:00 – Тоҷикистон – Молдова

17:30 – Беларус – Қазоқистон

Даври 3-юм

6 феврал (шанбе)

14:00 – Молдова – Қазоқистон

17:30 – Беларус – Тоҷикистон

ЭЗОҲ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе муқаррар шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE