Ба ифтихори 80 – солагии Абдусаттор Нуралиев ҳамоиши илмӣ доир шуд.

Бо ташаббуси факултети журналистика дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80 – солагии профессор Абдусаттор Нуралиев конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Масълаҳои илм ва таҳсилоти жуналистӣ дар шароити ташаккули рӯзномнигории чандрасонаӣ” бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ва рӯзноманигорону муҳаққиони соҳа баргузор гардид.

Декани факултети журналистика Абдулмӯъмин Қутбиддинов аз номи раёсати донишгоҳ ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва доир ба нақши Абдуссатор Нуралиев дар ташаккули журналистика, бунёди факултаву шуъбаҳои журналистӣ, таҳқиқи соҳа ва бакамолрасонии муҳаққиқон дар ин самт сухан гуфт.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода роҷеъ ба фаъолияти публитсистиву тарҷумонии Абдусаттор Нуралиев сухан гуфта, зикр кард, ки саҳми мавсуф дар тарбияи журналистон ва ҳамзамон, созмон ёфтану шакл гирифтани ИЖТ бениҳоят калон аст. “Замоне устод узви Раёсати ИЖТ ва узви комиссияи ҷоизаҳои ИЖТ буданд. Мавсуф дар ташаккули ин ниҳоди журналистӣ саҳми назаррас ва шоист доранд”.

Професори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Муҳаммадӣ Муқимов аз лаҳзаҳои хотирмон бо устод ёдоварӣ намуда, зикр карданд, ки мавсуф аз донандагони хуби стандарти таълимии соҳа буданд. Ҳамаи барномаву нақшаҳои дарсӣ ҳатман аз зери назарашон мегузашт ва он кас бнғаразона назарашонро дар мавриди барномаҳо мегуфтанд. Эродҳояшон ҷиддӣ ва қобили мулоҳиза буданд.

Дар идомаи ҳамоиш, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дӯсти замони кӯдакии профессор Абдусаттор Нуралиев Расул Шарифов ба сухан баромада, аз замони кӯдакиву бачагӣ ва айёми зиндагиву таҳсил дар Қазоқистон ёдовар шуданд. Ба зикри ин ӯ, профессор Нуралиев ончунон дилбохтаи Тоҷикистон буданд, ҷойи кр ва шароити муносиб дар Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро гузошта, ба Душанбе омаданд ва дар шуъбаи навтаъсиси журналистика ва тарҷумонии факултети фтлологияи тоҷики ДМТ ба кор пардохтанд.

Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ дотсент Сангин Гулов аз шогирдону ҳамкорони профессор Нуралиев дар ин ҳамоиш аз ҷараёни фаъолияташон бо муаллим ёдовар шуда, зикр кард, ки Нуралиев созмондиҳандаи шуъбаҳои журналистӣ дар ДМТ, ДСРТ ва ДДФСТ мебошанд. Ӯ нахустин нафарест, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистонро бо роҳи омӯзииш барарору устувор кард.

Ҳамоиши мазкур ба ифтихори 80 – солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусаттор Нуралиев, ки шаби 20-уми марти соли равон дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт, баргузор гардид. Абдусаттор Нуралиев дар ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанди Узбекистон таваллуд шуда, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм кардааст. Ӯ охири солҳои шастум ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омада, аз соли 1993 то 1996 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ буд. Аз моҳи сентябри соли 2003 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор мекард. Аз Абдусаттор Нуралиев даҳҳо китобу рисола ва мақола мондааст. “Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ” (соли 1994), “Абай ва адабиёти тоҷик” (соли 1995), “Жанрҳои ахбории матбуот” (соли 2007), “Асосҳои ҳуқуқии журналистика” (соли 2005), “Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ” (соли 2003) аз таълифоти ӯ ҳастанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE