«УФУҚҲОИ НАВ ДАР ИЛМ, ТАҲСИЛ ВА АМАЛИЯИ ТИББӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Уфуқҳои нав дар илм, таҳсил ва амалияи тиббӣ» конференсияи 72-юми солонаи илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар ин конференсия, ки ҳамасола доир мегардад, олимони дохил ва хориҷи мамлакат дастовард ва мушкилоти соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Имсол дар кори он 50 олим аз 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Британияи Кабир, Чин, Ҷопон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иброз намуд, ки  донишгоҳ дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ инчунин маркази таҳқиқоту кашфиёт ва муҳокимаҳои илмиву навоварӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои мубрами бемориҳои дарунӣ,  ҷарроҳии дилу рагҳо ва реконструктивӣ-пластикӣ, рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон ва дастоварду мушкилоти он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE