Донишҷӯёни тоҷик дар Русия дар ҷаласаи шурои маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд» иштирок намуданд

25 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии шурои маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд», баргузор гардид. Дар он ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил менамоянд, иштирок намуданд, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Москва.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки дар ҷаласа ба тариқи маҷозӣ иштирок намуд, иброз дошт, ки масъалаи рушди  ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд.

Дар ҷаласа оид ба самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» изҳори назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи шуро — натиҷагирӣ аз фаъолияти маҳфил дар соли 2024 ва муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2025 мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа барои пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳар гуна ҷиноятҳо, пешгирии дохилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон маълумот дода шуд.

Дар ҷамъбасти шуро тибқи фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аспиранти курси якуми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии Донишкадаи ҳуқуқ ва амнияти миллии Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (РАНХиГС) Беҳрӯз Ҳайдаров роҳбари нави маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд» дар Федератсияи Русия интихоб гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE