Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Дар ин хусус шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши самараноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳу тавзеҳи он дар байни ҷомеа ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба амалисозии он таъсис гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Он сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқию бебаҳс ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои солҳои оянда муайян шуда, дар он роҷеъ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE