Душанбе: Даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад.Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2021 ҳайати Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид. Барои баргузории ин озмун аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9370 (нуҳ ҳазору сесаду ҳафтод) сомонӣ ҷудо гардид.
Озмуни мазкур тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» тадбирҳои дахлдор андешанд.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои ин ҳунари аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсули ин ҳунар мебошад.