Рӯзгори пиронсолону маъюбон дар «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён»
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён» фаъолияташро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома ба амал мебарорад. Муассиса дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён» аз 25 марти соли 2015, №161 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки барои 75 нафар пиронсолону маъюбон ва шахсони якаву танҳо ва 25 кат барои тавонбахшӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Марказ дар бинои махсус сохта шуда, дорои иншоотҳои зарурӣ, ки ба талаботҳои санитарию гигиенӣ, зиддисӯхтор ва бехатарӣ таъмин мебошад. Майдони умумии муассиса 6 гектарро дарбар мегирад. “Муассиса барои хизматрасонии иҷтимоӣ ва табобат пешбинӣ гардидааст. Дар он ҷойи хоб барои 100 нафар пешбинӣ гардида, аз ду шӯъба иборат мебошад –шӯъбаи тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолону маъюбон”, – иттиллоъ дод роҳбари муассиса Муҳаммад Достиев.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор риоя гардида, дар он шитҳои зиддисухторӣ, гӯшаҳои огоҳкунанда, гидрантҳо ва ҳавзи захираи об дар ҳолати омодабош қарор доранд. Инчунин, дар муассисаи мазкур хат ва дастгоҳҳои барқӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ба фасли зимистон пурра мутобиқ ва омода мебошанд.
Дар ин муассиса 5 адад гӯшаҳои зиддисухторӣ бо тамоми таҳҷизоти зарурӣ мавҷуд мебошанд. Инчунин, дар дохили бинои муассиса 6 адад гидрант бо рудаҳои махсуси зиддисухторӣ васл шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ҳамзамон, барои муътадил гузаронидани фасли зимистон захираи кофии ангишту ҳезум ва маводи ғизоӣ низ муҳайё карда шудааст.
Ба иттилои роҳбари марказ, айни замон дар муассисаи мазкур 60 нафар бошандагон, аз ҷумла 41 нафар мард ва 19 нафар занон қарор доранд. Қайд карда шуд, ки муассисаи номбурда бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд, омада буд дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 январи соли 2021.
Воқеан ҳам, татбиқи ин тадбири шоитаи Ҳукумати кишварро мо дар мисоли Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён» дидем, ки сознда асту шоистаи таҳсин.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
“Садои Душанбе”