Бостоншиносон дар музофоти Барранкаи шимолии Перу боқимондаҳои шаҳри қадимаи 3,5 ҳазорсоларо пайдо карданд
Номи шаҳр Peñico буда, он маркази асосии тиҷоратие маҳсуб мешуд, ки мардуми соҳили уқёнуси Оромро бо истиқоматкунандагони ҳавзаи Амазонка ва кӯҳи Анд мепайваст.
Шаҳри мазкур, ки 200 км дуртар аз шимолии пойтахти Перу — шаҳри Лима мебошад, дар баландии 600 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардидааст. Тахмин меравад, ки ба он дар байни солҳои 1800 ва 1500-уми пеш аз милод асос гузошта шудааст.
Мувофиқи таъкиди пажӯҳишгарон кашфиёти мазкур ба тамаддуни қадимтарини Америка — тақдири шаҳри Карал равшанӣ меандозад.
Манбаъ: Овози Самарқанд