Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 22 июли соли 2025 №396
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази
миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо»
озод намудани Иброҳимзода М.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 22 июли соли 2025 №397
ш. Душанбе
Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази
миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо»
таъин намудани Асозода А.Д.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асозода Абдулмумин Додхудо директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон