ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ «БАРРАСИИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷаласаи навбатии «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбари дафтари котиботи минтақавии Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон Трине Петерсен, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наоко Хосака, инчунин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, намояндагони созмонҳои баёналмилалӣ, шарикони рушд ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода иттилоъ медиҳад.
Чорабиниро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Маориф – омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафили рушди устувори кишвар аст». Бо дарназардошти ин, бовар дорем, ки танҳо тавассути талоши муштарак, ҳамоҳангии фаъол ва ҳамкории самарабахш метавонем заминаҳои устувор ва муҳимми рушди соҳаи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшем ва дар роҳи таъмини таҳсилоти босифат барои наслҳои имрӯзу оянда қадамҳои устувор гузорем. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳот дар соҳаи маориф имрӯз дар ҷаласаи «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Тоҷикистон» ҷамъ омадаем.
Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ислоҳоти соҳаи маориф корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст ва рӯз аз рӯз дар натиҷаи ин ҳамкориҳо сафи шарикони рушд ва сармоягузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд гашта истодааст.
Дар идомаи ҷаласа роҳбари дафтари котиботи минтақавии шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён баромад намуда, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: вазъи иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026, маблағгузорӣ ва идоракунии соҳаи маориф: моделҳои симулятсионии арзёбӣ ва маблағгузорӣ барои ҳар як хонанда, механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳа бо шарикони рушд, матритсаи ҷонибҳои манфиатдори соҳаи маориф, платформаи рақамии LEG.TJ, арзёбии сифати таҳсилот: рафти татбиқ ва дастовардҳои асосӣ, таҳсилоти фарогир: консепсия ва стратегияи миллӣ, ислоҳоти барномаи таълим: ислоҳот дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, харитаи роҳи муносибати босалоҳият дар таълим ва чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбӣ, трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи маориф ва идоракунии иттилоот (EMIS ва E-Дониш)-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар охир таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба тақвияти дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, боло бурдани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.
Т.Сатторов

