Рӯзи Президент ва моҳияти тақдирсози Иҷроияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент ва моҳияти тақдирсози Иҷроияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, намояндагони Донишгоҳи миллӣ ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳ иштирок карданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки маҳз бо бундёкориву созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷикон бо номи Тоҷикистон бунёду устувор карда шуд. Ҳамзамон Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои сатҳи байналмилалӣ ноил гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро касб кардааст.
Султонализода Ёқубҷон

