Пайконҳои бехатои ӯ …
Зебинисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар Интерлакени Швейтсария (соли 1975), барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреали Канада (соли 1976), қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1975 дар Интерлакен, 1985 дар Сэули Кореяи Ҷанубӣ ва соли 1987 дар Сиднейи Австралия), дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар Австралия (соли 1977), панҷ дафъа қаҳрамони Аврупо с(олҳои 1976 дар Копенгагени Дания, 1985 дар Измири Туркия ва 1986 дар Парижи Фаронса), 15 пай қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 бор рекордгузори Аврупо, Иттиҳоди шӯравӣ ва Тоҷикистон, дорандаи медали нуқраи бозиҳои “Дружба – 84” – и Чехославакия, ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Фаронса, Олмон, Куба ва Швейтсия, қаҳрамони бисёркаратаи мусобиқоти маъруфи “Динамо” ва нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон аст.
29-январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ духтараке чашм ба олам боз намуд, ки волидон ба сад ормони нек ба ӯ Зебинисо ном ниҳоданд. Таваллуди ин тифлак ба оилаи Сангин Рустамов ва ҳамсари ӯ Комила Рустамова шодиву хурсандии бепоён овард.
Хонаводаи Сангин Рустамов соҳиби 5 ҷигарбанд буданд. Нахуст – ҷигаргӯшаашон Ҳомидҷон ва 4-гулдухтари дигар бо исмҳои мунаққаши Зулфинисо, Меҳринисо, Зебинисо ва Нуринисо. Сангин Рустамов хизматчии давлатӣ, иштирокчии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон буд ва дар рушди саноати ҷумҳурӣ саҳми чашмгир гузоштааст. Маҳз дар замони роҳбарии Сангин Рустамов, Комбинати бофандагӣ ва Иттиҳодияи чарму пойафзоли Душанбе ба натиҷаҳои бузургу назаррасе ноил гардид.
Комила Рустамова, муаллимаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ буду дар соҳаи маорифи кишвар 40 сари сол фаъолият намудаву таҷриба андӯхтааст. Дар ин асно солҳои зиёд вазифаи пурмасъулияти мудирии мактаби № 34-ро бар ӯҳда дошт. Дабистони номбурда солҳои 60-70-уми қарни мозӣ аз муассисаҳои беҳтарину намунавӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб мерафту толибилмони ин даргаҳи таълимӣ зери роҳбарии бону Комила Рустамова пешсафу пешгому пештози ҳар гуна озмунҳо буданд. Дар ин боб муаррих ва профессори саршинос ва дӯсти хонаводагии эшон Усмонҷон Ғаффоров аз хотироташ саҳфаҳои рангинеро аз рӯзгори гузашта пеши хосту хоҳиши мо иқрор омад.
Зебинисо таҳсилдидаи дабистони №18-и пойтахт ва фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (имрӯза Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), ҳамчунин Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мебошад.
Ӯ ҳанӯз дар 15-солагӣ ба дарёфти унвони қаҳрамонии мамлакат дар риштаи камонварӣ мушарраф гардида буду сар аз ҳамон ҳину ҳангом дилбохтаву сарсупурдаи пешаву пайраҳаи паймуда худро ҳамвора ба машқу тамрини машғулияти дӯстдошта мезад. Доди умраш, ки ба 20-солагӣ дакка зад, дигар ту гуфтӣ, дар мақому мартаба духтараки аҳди шабоб, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуду соҳибэҳтирому гули сари сабади зумра маҳфилу нишастҳои ёру дӯстони пайвандону наздикон ва исмаш сари забонҳо бо факору каломи хубӣ давр мезаду варо бо ангушти ишорат ба ҷиҳати мусбат мешинохтанд.
Зебинисо дар радифи гарояндагиву гирифториаш ба варзиш, дар мактабу донишкада низ хуб мехонду ба ҷиҳати аз бар кардани фанну тадрис ҳам лаёқати вижа ва истеъдоди хосае дошт, ки атои Будгор буд барош. Ҳамвора маъракаҳои мухталифи варзишӣ ширкат мекарду баниз думболи донишандӯзиро ӯ ба соате сар намедод ва мекушид, то аз ба нафасе аз таҳсил қафо назанад. Ҳама дӯсташ медоштанду эҳтиромашро ба андозаи кофӣ ба ҷо меоварданд. Дар ин асно хоҳараш Нуринисо низ дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекарду мудом бо якҷоя буданд. Ба гоҳи таҳсил ғайричашмдошт булаҷаб коре шуд, ки то ҳанӯз аз ёдномаву хотираҳои Зебинисову Нуринисо зудуда намешавад. Аз он лаҳазот Нуринисо ба вақти мусобиҳа дона-донаву хуша-хуша ва тор-тору хушмазза баромону шунавандаи радиои Садои Душанбе ҳикоят кард.
Зебинисо дар овони мактабхонӣ ба намудҳои гуногуни варзиш шавқ дошту шефтаю шайдо тамрин мекард. Ун ғоту овон футболбозии духтарон барои ҳамагон, хоса пирони рӯзгордидакори аҷоибу ғароибе буду то қадру андозае мамнӯъ, вале Зебинисо бидуни нигоҳу назарҳои маҳкумкунанда, ҳамеша дар майдони футбол даву тоз мекарду думболи тӯбро раҳо намекард. Худаш чанд чизи дигарро дар вақти суҳбат илова намуд.
Соли 1968 дар Варзишгоҳи “Динамо”-и шаҳри Душанбе намуди варзиши тирпаронӣ аз камон таъсис ёфт. Зебинисоро баъди тарки шиноварӣ, ки баъди чанд фурсату фосилаи тамринҳо дар ин ришта, бемор шуда буд, бародару тағояш барош тавсия доданд, то бо хоҳараш Нуринисо ба камонварӣ рӯоваранд. Худаш низҳамин хосту хоҳишашро ба зудӣифшо карду маротибе ҳам маҳораташро дар пайконандозӣ озмудан хост.
Ғояи ба камонварӣ гаравидани хоҳарон ё пешниҳоди машғул шудан ба ин навъи варзиш, ба Нуринисо, бародараш ва ҳам модараш хуш омаду ҳамакаса пешниҳоди мазкурро қабул карданд. Тамринҳои ҳамешагиву якрангу вазнину сангин ба Зебинисо мушкитону монеаҳо эҷод мекарданд. Бо ҳамин далел дигар намехост дар камонварӣ тамринҳоро тамдид будахшад, бад-ин боис якборау ба соддагӣдасту дил шӯст аз он.
Баҳори соли 1974 барои донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Зебинисо Рустамова накӯву хушу хотирмон буд, чаро ки ӯ дар мусобиқаи байналхалқии камонварон таҳти унвони “Тирҳои баҳорона”, ки охири моҳи май дар варзишгоҳи марказии ба номи А. И. Ленини шаҳри Москав баргузор шуд, ширкат намуд. Дар қувваозмоии рӯзи нахуст, Зебинисо аз худ маҳорати воло манзур сохта, қаҳрамонҳои ҷаҳону Аврупо ва олимпӣ Валентина Ковпан, Кето Лосаберидзе ва Эмма Гапченкоро мағлуб намуда, исму корашро ба симати духтараки миллати тамаддундори тоҷик муаррифӣ кардан ёрист. Дар ин бора аз рӯзи 25-уми майи соли 1974 дар рӯзномаи вақти “Правда” чунин нигошта буданд:
“Камонвардухтари тоҷик” Зебинисо Рустамова рӯзи аввал аз қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо пешгом шуд. Номаш ба худаш зебанда- Зебинисо. Донишҷӯи 19-сола се сол қабл бори нахуст ба даст камон гирифту дар ин пайраҳа гомҳои аввал бардошт. Ҳоло дар чунин як мусобиқаи бузургу муҳташам мисоли устодони соҳибтаҷриба пайкон меандозад”. Моҳи сентябри соли 1974. Кишвари Литва. Мақому мартабаи маъракаи мазкур арсаи қаҳрамонии камонварони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ. Донишҷӯи душанбегӣ Зебинисо Рустамова низ ширкатдори ҳамин мусобиқоти саҳту сифати боло буду бори дигар Гурдофариди қаҳри 20-ум буданашро собиту исбот намуда, бо касби 2378 имтиёзҳама ҳарифону ҳамтоёнашро шикаст дода, ба гиритфунвони унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардид.
Соли 1974. Мусобиқаи динамочиёни мамлакатҳои сотсиалистӣ дар Будапешт. Зебинисо дар ин сабқат соҳиби медали нуқра гардид ва бо гузораи як моҳ дар Шведсия нишони биринҷиро ба гардан овехт. Баъд аз ин дастоварди бузургу беназир, дигар ҳама мураббиён талабгори Зебинисои ҷавону пурмаҳорат шуданд. Мехостанд бо ӯ кор кунанд, бо ҳамин мақсаду маромӯро ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шомил намуданд. Акнун Зебинисо масъулияти бештареро бар дӯш дошту пайваставу ҳамвора пайи тамринҳо сар ба толор мезаду мурур мекарду худро барои мусобиқаҳои оянда омода месохт.
Аз суҳбатҳои Усмонҷон Ғаффоров ҳаминро эҳсос намудем, ки шаҳри Сухуми Абхазистон барои Зебинисо бад-ондалелу мадрак хотирмон асту бисёр дӯстдоштанӣ, ки ӯ дар мусобиқаи динамочиёни мамлакат бори нахуст унвони Устоди варзиши Иттиҳоди шӯравиро ба даст оварду сар аз ҳамон рӯз роҳаш ба сӯйи варзиши бузург кушода гардид. Дар шаҳри Алуштаи соҳили Баҳри Сиёҳ воқед дар Ҷанӯби Қрим бошад, Зебинисо унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро моҳи ҳалоли худ намуд. Дар ин бора қаҳрамони мо нуқли нақли мо ҳамон замон иқрор омада буд, ки “Шаҳри Алушта ба ман бахт овард”.
Инак, моҳи июни соли 1975. Шаҳри Интерлакени Швейтсария макону мизбони муҳташамтарин маъракаи фароунёӣ, саҳеҳтараш 28-умин арсаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи камонварӣ интихоб гардида буд. Чемпионати мазкур ё майдони унҷонҷӯии мазкур аз ҷониби Федератсияи байналмилалии камонварӣ ташкил шуда буд. Дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ миёни бонувон, исми Зебинисо ҳам шомил гардид. Вале аз ин воқеият аксар бадхоҳону фурӯмоягону пастназарон изҳори норозигии хешро ниҳон намедоштанду намехостанд, ки ин варзишгардухтариҷавонутавонои тоҷик дар ин сабқати ҷаҳонӣ ширкат кунад. Зебинисои дар иродаву мақсаду маром устувор ба чизе андеша банд намекарду талошаш фақат рафтан ба Швейтсария буду бас.
Зебинисо ба сифати варзишгари эҳтиётӣ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон номнавис шуда буд. Яъне дар мақоми чорум бояд ҳунарнамоӣ мекард. Духтараки пурорзуву пурармон ва соддадилу меҳрубон, ки мудом фикру зикраш баҳри пирӯзӣ банд буд, мехост гуфтаҳои бадхоҳонро дар нисбати ҳунарш ботил барорад. Чун сахт хоҳиш дошт, Худованд кӯмакаш кард ва дар бозиҳои гурӯҳӣ дар масофаҳои 30, 50, 60 ва 70 метр пайконҳоро бидуни хато ба нишон расонда, мақоми аввалро ба даст оварду нишони тиллоро овезаи гардан намудуқаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ дигар қаҳрамон буд. Дар ин асно нотавонбинон на танҳо ба мақсадашон нарасиданд, лобал мебоист ифтихор мекарданду пеши Зебинисо узрхоҳӣ ба ҷо меоварданд. Духтараки ҷавону камтаҷриба ҳатто дар зеботарин ангораҳош тасаввур намекард, ки қаҳрамон шудан чисту қаҳрамон кист?Ҳамагон дар ҳайрат буданду ба табрикаш меоманданд, аммо ӯ дар банди хаёлҳои ширину рангини худ парво надошт. Ҳолову ҳанӯз ҳам дарк намекард,ки бар тахти қаҳрамонӣ бар шудааст, бар шудаасту гапу калочаи мардум дар миёнароҳ монд.
Зебинисо Рустамова дар шаҳри Хуҷанд низ ба сифати қаҳрамони ҷаҳони соли 1975 аз маҳбубияти хоса бархӯрдор буду ҳаст. Ва дар ин замини мактаби вижаи худро таъсис доду як зумра шогирдони арзанда тарбияву бар камол расондааст. Манижа Қосимова яке аз парвардагони дасти сабзи шогирпарвари Зебинисо Рустамова мебошад, ки аз эшон ҳар куҷову ҳамвора бо ифтихору сарбуландӣ ёд меорад. Духтараки гандумгун бо мӯйҳои сиёҳу парешон, гесӯвони дарозу чеҳраи зебои тоҷиконааш, ҳамагонро бо ҳунару малоҳаташ мафтун карда буд. Вақте аз ӯ пурсон шуданд, ки аз куҷост, дар кадом гӯшаи гетӣ ба сар мебарад? Посухи ин савол барояш бисёр гарон афтод, чаро ки сахт ошуфтааш мекард ин воқеият, ки бебасарон аз Тоҷикистон хабар надоштанд.
Соли 1976. 19-уми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Монреали Канада. Зебинисо Рустамова дар ҳайати мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣба ин мусобиқа сафар ва баромад намуда, сазовори медали биринҷии маърака гардид. Баъд аз иштирок дар Олимпиада, соли 1977 Зебинисо издивоҷ намуд. Ҳамагон гумон мекарданд, ки ӯ тарки варзиш намудааст ва дигар дар мусобиқаҳо иштирок намекунад. Бад-он далел, ки шавҳараш розӣ нест.
Зебинисо Рустамова солҳои 1986-1992 дар варзифаи муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1992-2000 ноиби президенти Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз соли 2000 то ин ҷониб ба ҳайси роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии занон ва кӯдакони Зебинисо Рустамова” фаъолият дорад. Ҳамзамон аз соли 2003 то кунун раисии Асотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Барои хизматҳои шоён дар рушди варзиш бо ордени “Нишони фахрӣ” ва медали “Меҳнати шуҷоатнок” қадрдонӣ шудааст.
Инак, аз он аҳди мубораке, ки як духтари тоҷик яксара дар ҷаҳон миллаташро муаррифӣ мекарду бо ҳунараш унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард, бештар аз 40-сол сипарӣ гардид. Ва то ҳанӯз ба қадри қаҳрамониву ҷасорату мардонагии ин Гурдофариди қарни мозӣ, касе баробар нест. Ӯро модар маҳз барои қаҳрамон шудан ба дунё оварда ва бо ин ҳусну ҷамолаш Зебинисо унвонаш доданд. Яъне Зебу зиннат бас ҳаминаш, номи ӯ Зебинисост.
Лутфуллои АЗИЗ,
“Садои Душанбе”