Душанбе ва Нур-Султон бародаршаҳр шуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳокими шаҳри Нур-Султон Олтай Кулгинов мулоқот карда, оид ба ҳамкории пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон гуфтугӯ карданд. 

Зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ ба тамоюли рушди босуръати Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки густариши робитаҳо байни воҳидҳои маъмурию ҳудудии ду кишвар, хусусан пойтахтҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба табодули таҷриба дар соҳаи идоракунии шаҳр, инфрасохтори нақлиётӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш диққати махсус доданд.

Дар робита ба ин, омодагии шаҳри Душанбе барои роҳандозии ҳамкории босамар бо соҳибкорон ва ширкатҳои манфиатдори Қазоқистон ҷиҳати ҷалби сармоягузории мустақим ва самаранок истифода бурдани фазои мусоиди тиҷоратии пойтахт изҳор карда шуд.

Дар поёни музокирот Рустами Эмомалӣ ва Олтой Кулгинов ёддошти тафоҳум оид ба барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни  шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султонро ба имзо расониданд.

Пас аз мулоқот, Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо ҳокими шаҳри Нур-Султон аз Пажӯҳишгоҳи илмию тарроҳии «АстанаГенплан» ва аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «iKOMEK»-и шаҳри Нур-Султон дидан карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE