Рӯдакӣ: канали Лоҳур, ки 30 сол боз фаъолият надошт, барқарор шуд (СУРАТГУЗОРИШ)
Дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб заминҳои кишварзӣ бо ташаббуси раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ 37 ҳазор метр канали оби полезии Ҷамоати деҳоти Лоҳур аз гилу хоку санг тоза карда шуда, маҷрои каналҳо барқарор ва мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор дода шуд.
Дар пасманзари зуҳури бемории коронавирус, ки ба иқтисоди давлатҳо зарар дар пай гузошта, боиси коҳиш ёфтани маҳсулот, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ дар ҷаҳон гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар истифодаи мақсадноки замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз истифода бозмонда, вазифа гузоштанд.
Дар партави ин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ канали Лоҳур, ки бо пойгоҳҳои обкашонияш аз сабаби корношоям гардидан беш аз 30 сол боз фаъолият надошт ва хочагидорон дар самти дастрасӣ ба оби полезӣ мушкилот доштанд, хушбахтона бори дигар барқарор гардид. Он зиёда аз 800 гектар замини ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лоҳурро бо оби полезӣ ва аҳолии ин минтақаро бо оби нӯшокии дарёи Кофарниҳон таъмин мегардонад.
Саъдулло Ғиёсов, муҳандиси шуъбаи обрасонии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, корҳои барқарорсозии ин канал чор моҳ боз идома дошта, сатҳу сифати корҳо дар мадди аввал қарор дода шудааст. Бино ба маълумоти Саъдулло Ғиёсов, дар барқарорсозии канали Лоҳур аз ҳисоби 200 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳал, 120 ҳазор сомонӣ аз ҳақи истифодаи об сарф гардида, дар ин амри хайр соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм гузоштанд.
Ба таъкиди ӯ, канали Лоҳур аз канали Кӯктоши Поён сарчашма гирифта, ба воситаи пойгоҳҳои обкашии Лоҳур, Лоҳур – 1, Лоҳур – 2, Лоҳур – 3, Лоҳур – 3а, Лоҳур – 4 ва Лоҳур – 6 обрасонӣ карда мешаванд. Тавре ки номбурда гуфт, дар ноҳияи Рӯдакӣ 23 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуданд, ки аз ин 13 ададаш фаъол мебошанд. “Айни замон ду адад дастгоҳи обкашии пойгоҳи Хоҷабулбулон дар таъмири ҷорӣ қарор дорад. Дар сурати фаъол гардидани ин дастгоҳҳои обкашӣ қариб 200 гектар заминҳои Ҷамоати деҳоти Эсанбой бо оби полезӣ таъмин мегарданд”, – гуфт ӯ.
Мавсуф фарсуда шудани пойгоҳҳои обкашонӣ дар ноҳияро аз мушкилоти асосии Хоҷагии об дар амри обрасонӣ ба аҳолии ноҳия медонад. Номбурда оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки ба хотири ҳифзи заминҳо анҷом медиҳанд изҳор дошт, ки ноҳия дорои 42 адад иншооти гидротехникӣ бо дарозии 256 км буда, имсол бо даҳ адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ҳаҷми 37 миллиону 348 метри кубӣ оби полезӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонидааст, ки он барои обёрии 6477 гектар пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, ба иттилои ӯ, барои беҳгардонии ҳолати мелиоративии заминҳо дар се мавзеъ бо ҷалби сармояи берунӣ коркарди заҳбурҳо ба дарозии 4800 метр ба нақша гирифта шудааст. Коркарди 2000 метри он дар ҳудуди маъмурии Ҷамоати деҳои Сарикиштӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тоҷиддин САТТОРОВ,
“Садои Душанбе”