Бадахшон: маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон мусодира гардид

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Барчиди Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбековичро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуда, аз ӯ 50 адад бастаҳои селофании скотчпечи дорои моддаҳои ҷигариранг ва бӯи махсусро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад.

Фаромуз Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум аст, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор  ба миқдори махсусан калон даст задааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович бо моддаҳои 200, қисми 4, банди “д” ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE