Фаврӣ: Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оташ гирифт (АКС)
Ҳамин лаҳза ба мо хабар расид, ки бинои Муассисаи давлатии “Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб” оташ гирифта, сӯхта истодааст.
Хабарнигори рӯзномаи минтақавии “Пайк” низ дар саҳифаи фейсбуки худ дар ин бора хабар дода, чанд лаҳза пеш аз ҷои ҳодиса навиштааст, ки сӯхтори бино бар иттилои шоҳидон соати 3:50 дақиқаи субҳ сар зад. Айни ҳол қисмати толори маҷлисгоҳи донишкада ба тамом сӯхта оташ гирифта, ба қисмати бинои таълимӣ часпидааст. Мошинҳои сӯхторхомӯшкунии “Хадамоти давлатии оташнишони”-и шаҳри Кӯлоб адои вазифа намуда, машғули хомӯш намудани оташанд.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (собиқ филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб) яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Моҳи марти соли 2015 бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар Кӯлоб мақоми Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро касб намуд.
Он ҳамчун Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб соли 2003 таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Донишкада дар шаҳри Кӯлоб муддати 18 сол фаъолият дошта, имрӯз дар ин муассиса 1721 нафар ва ҳамчунин дар даҳҳо мактабҳои олии Русия боз 1200 нафар донишҷӯёни филиал таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни Кӯлоб, ки дар Донишгоҳи технологии Воронеж ва Академияи кишоварзии ин шаҳр таҳсил мекунанд. Донишкада аз факултаҳои “Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ”, “Муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос», “Муҳандисӣ – технологӣ”, ” Муҳандисӣ-энергетикӣ”, “Тайёрии заминавӣ ва таҳсилоти фосилавӣ” иборат аст.
Барои сохтмони бинои нави Донишкада соли 18 июли соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”