Душанбе: Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад

13 июни соли  равон дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Масофаи Ниммарафон 21 километру 97 метрро дар бар гирифта, он  аз назди «Эстакадаи Қарияи боло»- хиёбони Исмоили Сомонӣ 70 оғоз шуда, дар майдони Исмоили Сомонӣ хотима меёбад. Сабқати мазкур соати  08:00 оғоз мегардад. Хоҳишмандон бояд худро рӯзҳои 11 -12  июн ба қайд гирифта, ҳамчунин маълумотномаи тиббӣ пешниҳод намоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Ниммарафони байналмиллалии СҲШ шахсони алоҳида ва кормандони корхонаю ташкилот, муассисаҳои ватанию хориҷӣ метавонанд ширкат варзанд.  Дар дави мазкур занону мардон ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Ғолибонро медал ва мукофотҳои пулӣ (аз 300 то 1500 доллар) интизор аст.

Ёдовар мешавем,ки  Ниммарафони байналмилалӣ дар доираи раисии Тоҷикистон дар СҲШ доир шуда, мақсад аз он тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои созмон тавассути баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, рушди сайру саёҳати дохила ва беруна, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби пайвастаи сокинон ба бозиҳои варзишию тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE